Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.
Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Маҳмуд Бобоев бо санъати баланд омода гардидааст.
Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Хуросон бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад.
Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, дар назди он фаввора сохта шудааст.
Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама ба ҳусни он зебоии дигар зам гардид.
Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Шоҳона” — и шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ноҳияи Хуросон бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ боз як мавзеи хуби сайругашти сокинон ва меҳмонон бунёд гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ






