Пешвои миллат: «Номи Кангурт маънои «диёри паҳлавонон»-ро дорад»

Октябрь 21, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Номи Кангурт аз вожаҳои қадимаи бохтариву суғдӣ таркиб ёфта, маънои «диёри паҳлавонон»-ро дорад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баён доштанд.

Сарвари давлат бо истинод ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон зикр намуданд, ки Кангурт аз калимаҳои «кант», яъне шаҳр ва «гурт», яъне «паҳлавон» ё «бузург» таркиб ёфтааст.

«Тибқи гуфтаҳои олимону донишмандон ва маълумоти сарчашмаҳои муътабар Кангурт ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зодгоҳи шахсиятҳои маъруфи илму ирфон ва донишмандони соҳибмактаб будааст ва дар ҳудуди он ҳунармандону паҳлавонони зиёд умр ба сар бурдаанд», — гуфтанд Пешвои миллат.

Президенти Тоҷикистон мисол оварданд, ки номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» зикр гардида, муаллифи ин сарчашма аз далериву қаҳрамонии мардуми ин куҳандиёр, ки ба муқобили аҷнабиён (Чингизхон) то вопасин нафас барои хоки Ватани худ истодагарӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, маълумот додааст. Ҳамчунин муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кангурт, аз ҷумла шӯришҳои Холи Кангуртӣ, Мири Надир ва  Назир – паҳлавон дар даврони тираву тори амирони манғит аввалин талошҳои озодиву истиқлолхоҳии мардуми мо будаанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ин воқеаи таърихӣ далели қаҳрамонии сокинони як гӯшаи сарзамини тоҷикон бар зидди истилогарон буда, номи ин диёри бостонӣ ва қаҳрамонии мардуми онро дар таърихи миллат сабт намудааст.

«Қобили зикр аст, ки ба ин санаи таърихӣ дар соли ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии тоҷикон расо 800 сол пур мешавад», — иброз намуданд Пешвои миллат.

Бино ба маълумоти Сарвари давлат, ки низ аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеоянд,  азибтидои асри 16 то охири асри 17 шумораи зиёди тоҷикони ҳамворинишин ба Кангурт ва Балҷувону Муъминобод омада, дар ин мавзеъҳо муқимӣ шудаанд. Ҳамин кӯчиши қавмҳои ниёгони мо ба рушди дубораи кӯҳистони Хатлону Рашт заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Дар маъхазҳо зикр шудааст, ки илму маориф дар ин диёри бостонӣ дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар ҳоли бисёр пешрафта қарор доштаст. Дар он солҳо дар мадрасаҳои Кангурт ғайр аз улуми расмии динӣ, ҳамчунин, илмҳои ҳандаса, риёзиёт, кандакорӣ, хаттотӣ, муҳрканӣ ва дигар ҳунарҳо низ таълим дода мешудаанд.

Илова бар ин, гуфтаҳое низ маъруфанд, ки дар тӯли давраҳои дароз беҳтарин мударрисону толибилмони мадрасаҳои асосии шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд ва шогирдони кангуртӣ ба он мадорис бидуни озмун қабул мешудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри 19 ва ибтидои садаи 20, Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ёдовар шуданд, ьки дар қатор  даҳҳо нафари дигар   дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд.

                                              АКС аз бойгонии  «Ховар»

Октябрь 21, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид