Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд

Октябрь 8, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассиса барои таҳсили 550 нафар хонанда, таълиму тарбияи 50 нафар кӯдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Иншоот аз 2 бинои 4-ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пушида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёнияти мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ мучаҳҳаз карда шудааст.

Корҳои сохтмониро беш аз 100 нафар бинокорону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи гурӯҳи рушди саноатӣ” анҷом додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти муассиса ва шароити фароҳамшуда шинос шуданд.

Дар муассиса таълими томактабӣ низ бо усули нав ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулияту ҳуҷраҳои бозӣ ва истироҳати кӯдакони синни томактабӣ бо лавозимоти сатҳи стандартӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Фаъолияти муассиса тибқи барномаи таълимии “Кембриҷ” -и Британияи Кабир ба роҳ монда, таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.

Хатмкунандагони мактаб соҳиби сертификати таълимии байналмилалӣ мешаванд.

Дар “Мактаби Оксфорд” алҳол 32 нафар омӯзгор фаъолият дошта, 14 нафар аз давлатҳои хориҷӣ — Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада бо таҷрибаи корӣ дар мактабҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошанд ва 12 нафар омӯзгори маҳаллӣ, ки аз озмуни сатҳи талаботи байналмилалӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб карда шудаанд.

Дар муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Оксфорд” баҳри роҳандозии усули нави таълим шароити стандарти ҷаҳонӣ фароҳам оварда шуда, омӯзиши амиқу ҳаматарафаи фанҳо, ташаккули донишу ҷаҳонбинии сатҳи байналмилалии хонандагон таъмин мегардад.

Дар муассиса таҳсил ва маҳфилу машғулияти иловагӣ аз соати 8-и пагоҳӣ то соати 17 давом мекунад. Ҳамчунин барои таълиму омӯзиши рӯзгордорӣ, рушди истеъдодҳо, инкишофи ҳаматарафаи хонандагон маҳфилҳои пухтупаз барои духтарон, рассомию мусиқӣ, технологияи информатсионӣ, варзиш амал мекунанд ва барои ин мақсад шароити беҳтарин мухайё карда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии муассиса 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозии кӯдакон бунёду муҷаҳҳаз гардида, барои обутоби ҷисмонии кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Саҳни муассиса ба таври хос ободу зебо ва сабзу хуррам гардида, якҷо бо бинои хуштарҳи он намуди назаррабо гирифтааст.

Саидмурод Давлатов иқдом намудааст, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолияти муассисаи таълимӣ барои 200 нафар хонанда хобгоҳ бунёд намояд.

Сохибкори ватанӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ободии Ватан иқдоми шоиста намудааст. Бо саҳми соҳибкор дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаю коргоҳҳои нав таъсис ёфта, гармхонаи инноватсионӣ, 200 гектар боғи мевадиҳанда, боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таъсису ташкил гардида, беш аз 200 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Ифтитоҳи Мактаби Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд 08.10.2021

Октябрь 8, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт