Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ таъмиру мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ, ки қисме аз роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳро дар бар мегирад, оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, зиёда аз 1 километри роҳи деҳа бо дастгирии сокини ватандӯст — раиси хоҷагии деҳқонии кооперативии «Истиқлол» Абдусодиқ Шоев мумфарш карда мешавад. Таъмиру навсозии роҳро Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилии ноҳия ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба уҳда доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъмири роҳро аз беҳтарин амалҳои хайру савоб, намунаи ибрат барои фарзандон ва авлотар аз маъракаҳои исрофкорӣ маънидод намуда, ба сокинони ҳимматбаланди деҳаи Томин аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ изҳори сипос намуд.
Корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо дар ҳамаи деҳаҳои ноҳияи Айнӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид






