Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ кӯдакистони «Оиша»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ муассисаи томактабии хусусии “Оиша”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави Муассисаи таълимии томактабӣ аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Махтумбӣ Абдулҳаева бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати 0,73 гектар бунёд карда шудааст.
Қитъаи зери сохтмон 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Муассисаи томактабии хусусии “Оиша” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосиру миллӣ сохта шудааст. Бунёди чунин муассисаи замонавии томактабӣ дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва маърифатнокии насли ояндасози миллат мусоидат мекунад. Дар муассиса барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 210 кӯдак имконият мавҷуд мебошад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин ҷо 20 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар кӯдакистони “Оиша” 12 мураббӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар бинои нав 47 камераи назоратӣ насб карда шудааст, ки тавассути онҳо фаъолияти коргарон мушоҳида мегардад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани кӯдакистони мазкур имконияти мувофиқу муосири фаъолият дар шароити деҳотро таъмин менамояд. Дар заминаи бунёд гардидани кӯдакистони нав 40 нафар сокини деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Муассисаи таълимии томактабии “Оиша” дорои ҳуҷраи қабули кӯдакон, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои васеи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ҳар кадоми он мизу ҷевон ва дигар лавозимот муҳайё карда шудааст.
Дар саҳни кӯдакистони мазкур дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷой барои бозии кӯдакон ташкил гардида, фаввора ва 6 айвонча бунёд карда шудааст, ки макони асосии истироҳату фароғати кӯдакон мебошад. Бинои мазкур бо системаи гармидиҳандаи алоҳида бо истифода аз барқу ангишт пайваст мебошад.
Атроф ва роҳравҳои бинои навбунёдро дар масоҳати 1800 метри мураббаъ сафолакпӯш намудаанд. Дар ҳудуди иншоот 120 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва 30 ҳазор дона гулҳои ҳаррангаи мавсимӣ шинонида шудаанд. Рӯшноии иншоотро дар шаб 80 фурӯзонак дар сутунпояҳои гуногун таъмин менамояд.
Сокинони деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз иқдомҳои ободонию созандагӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои кӯдакон бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф арзёбӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан бинои кӯдакистон вайрону валангор ва бекорхобида буд. Акнун бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ иншоот пурра навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯдакистони мазкур бо мураббиёну масъулини ин даргоҳи таълимӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, тарбиятдиҳандагонро ба он ҳидоят намуданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ба воя расонанд.
Дар ин ҷо аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳо тақдим карда шуд.









Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон






