Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ба ятимон туҳфаҳо ва ба хизматчиёни ҳарбӣ калиди хона тақдим намуданд

Октябрь 5, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.

Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.

Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Ин навбат 43 нафар кӯдакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибистиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрӯзгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллат орзу карданд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан нигоҳубин менамояд. Барои зисту таҳсил ва илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.

Таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини тамоми шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ба хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятро муҳайё месозанд.

Тақдими туҳфа ба ятимон ва супоридани калиди хона ба хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб 05.10.2021

Октябрь 5, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд