Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаро дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мебелсозӣ ва сардхона дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анваршоҳ Шодмонзода бунёд карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли мебел таъкид карда шуд, ки тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоти коргоҳ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.
Вобаста ба фармоиш ва талаботи бозор дар коргоҳи навбунёд зиёда аз 30 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ истеҳсол карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти замонавии мебелсозӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва дар коргоҳ васлу насб карда шудаанд.
Сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракати Истиқлол” низ ба таври замонавӣ сохта шуда, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона, ки аз 5 қисм иборат аст, имкони захира намудани 1500 тонна сабзавоту мева ва 100 тонна гӯшт мавҷуд мебошад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст.
Айни замон дар сардхона дар алоҳидагӣ ангур, сабзӣ ва гӯшт нигоҳдорӣ карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар намудани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд. Зеро вилояти Хатлон минтақаи калидии аграрии Тоҷикистон буда, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯи маҳсулот аз фаъолияти кишоварзони он вобастагии амиқ дорад.
Соҳибкори маҳаллӣ Анваршоҳ Шодмонзода иқдом гирифтааст, ки оянда дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар боз як коргоҳи истеҳсоли обҳои рангаи ташнагишикан бунёд намояд.









Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея






