Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

Октябрь 7, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти «Зарзамин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии мардум бунёд гардида, дар он шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Қаблан Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар бинои собиқ ҷамоати деҳот фаъолият дошт ва бештар аз 35 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасониданд.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” бо харҷи 2 миллиону 278 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, атрофи иншооти ҷашнӣ сабзу хуррам ва ободу зебо гардонида шудааст. Бино аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, рентген, табобати дандон, таҳлилгоҳ, ултрасадо ва дар ошёнаи дуюм маъмурият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, гузаронидани сӯзандорӯ ва ҳуҷраи хатна ҷой дода шудаанд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” ба маблағи 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурии тиббӣ ворид карда шуд, ки ин тасмим дар таъмини солимии ҷомеа ва осон шудани кори кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳудуди Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” нуқтаи ёрии таъҷилӣ иборат аз 5 ҳуҷра бо харҷи бештар аз 170 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ фароҳам гардид. Дар деҳоти “Зарзамин”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб 15 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати самимӣ намуда, ба шахсони масъул супориш доданд, ки шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии дигар деҳоти дурдаст низ беҳтар карда шавад.

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 07.10.2021

Октябрь 7, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд