Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердеро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 1, 2021 20:12

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 110 лоиҳа дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат, ба маблағи умумии 2,2 миллиард доллари америкоӣ дар шакли грант, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот бо Президенти кишвар хонум Анна Биерде инчунин аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тоза ва барқароршаванда ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.

Айни замон, Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,2 миллиард доллари америкоӣ маблағгузорӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷонибдори дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои аз байн бурдани ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои онро, муҳокима карданд. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои ояндадори энергетика, дастгирии буҷети давлатӣ ва рушди дигар бахшҳои муҳими Тоҷикистон, баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дастгирии Буҷети давлатӣ ва ҷалби бештари маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб гардид.

Зимни баррасии вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба таъсири бевоситаи вазъи сиёсии Афғонистон ба амнияти иқтисодиву тиҷоратии минтақа табодули афкор сурат гирифт.
Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна хонум Анна Биерде 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 20:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин нашр шуд

Маводҳои таҳлилӣ