«Рӯ ба рӯ бо мардум», «Кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Фархор нақши муҳим дорад», — шарҳи матбуоти даврӣ

Октябрь 7, 2021 15:17

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба вуқӯъ омадаанд, бозтоб гардидаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар  шумораи рӯзи чоршанбе, 6 октябр №200 (24 307) суҳбати телефонии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо президентони Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко, инчунин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вилояти Хатлон пурра инъикос намудааст. Инчунин дар ин шумора табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба муносибати  зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп шудаанд.

Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки зери унвони  «Истиқлолияти давлатӣ- асоси рушди иқтисодиёт», «Устоди аъзам», «Бовар дорам, ки ба додам мерасанд», «Алимент. Аз саркашӣ то мушкилоти равонӣ», «Фаъолияти осорхонаҳо. Аз мушкилот то рушд ва дурнамо», «Файзобод. Ифтитоҳи чанд иншоот бо иштироки Сарвазир», «Рашт. Баракат аз қадами Пешвои миллат» мақолаҳоро мутолиа намоянд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 5 октябри соли равон, сешанбе, №124-125 (4386 — 4387)  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Фархор таҳти унвони «Кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Фархор нақши муҳим дорад», Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, инчунин маводро таҳти унвонҳои «Забони тоҷикӣ оинаи ибратбахши рӯзгори мост», «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва гуфтугӯи телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мунташир намудааст.

«Кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти ноҳияи Фархор нақши муҳим дорад»- зери ин унвон суханронии Пешвои миллат нашр шудааст, ки дар он Сарвари давлат, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Ноҳияи Фархор яке аз калонтарин минтақаҳои аграрии кишвар буда, соҳаи кишоварзӣ дар самти пешбурди иқтисодиёти ноҳия ва таъмин намудани некуаҳволии сокинони он нақши муҳим дорад.

Ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пурмаҳсули сокинони ноҳия соҳаи кишоварзӣ бомаром тараққӣ карда, майдони кишти зироати кишоварзӣ, боғҳо ва саршумори чорво хеле зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, полезӣ, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намуди муҳсулот хеле афзоиш ёфтааст…».

Инчунин нашрияи парлумонии «Садои мардум»  ҷараёни сафари кории Пешвои миллатро ба вилояти Хатлон пурра инъикос намудааст.

Нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи  рӯзи чоршанбе,  6 октябр, №39 (20320) Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ-ро ба нашр расонидааст.

Инчунин хонандагони нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» имкон доранд аз ин шумора маводи ҷолиб, аз қабили «Шахло Абдурахимзода: «Мой Президент-моя гордость»!», «Таджикистан действует в рамках международного права» ва дигар хабарҳои дохили мамлакатро мутолиа намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 6 октябри соли 2021, чоршанбе, №340 (1334) хабару гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлону Бадахшон таҳти унвони «Рӯ ба рӯ бо мардум», Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбатҳои телефонии Пешвои миллат бо роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруфро ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти Пешвои миллатро бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна  инъикос намудааст.

Инчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Роғун-Кохи нури Тоҷикистон» ва «Хатлон-2» соҳиби Ҷоми ҲХДТ» матолиби хонданӣ ба нашр расидаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
9 ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Душанбе машғулияти байналмилалии омӯзишии «CollAsia 2023» оғоз ёфт