Раиси шаҳри Душанбе омӯзгорони фаъоли пойтахтро қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 2.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгор барои ҳар муаллими фаъоле, ки шогирдонаш дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро сазовор гардидаанд, ба сифати мукофот 3000 сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Тибқи қарори мазкур, рӯйхати омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд, тасдиқ гардида, дар маҷмӯъ 237 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки ин иқдом бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯзгороне, ки дар тарбияи шогирдон натиҷаҳои назаррас нишон доданд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ ва баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгорон низ чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардидааст. Низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати он ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои барномаи зикршуда, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулияти омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодаи технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






