Рамазон Раҳимзода бо президенти ширкати «Хуавей» амалинамоии даври дигари лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро баррасӣ намуд

Октябрь 16, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мукаммал намудани фаъолият дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе татбиқ карда шуд. Аммо дар низоми назоратбарии сабти видеоии «Шаҳри бехатар» камбудиҳо хеле зиёд буда, беҳбудӣ мехоҳад ва фаъолияти он бояд ба тараққиёти замони муосир мутобиқ карда шавад. Ин нуктаро 15 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо Президенти ширкати «Хуавей» дар минтақаи Авруосиё Чжоу Дантсзин иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва амалинамоии даври дигари лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Чжоу Дантсзин изҳор дошт, ки аз маркази «Шаҳри бехатар» дидан намуда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд ва изҳори умед намуд, ки камбудию норасоиҳои ҷойдошта бартараф мешаванд.

Вохӯрӣ дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

АКС: ВКД ҶТ

Октябрь 16, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд