Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ барои таҷдиди канали Хоруғ аз миёни кӯҳдоман роҳи мошингард бунёд мекунад

Октябрь 10, 2021 09:04

ХОРУҒ, 10.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади таъмиру таҷдиди канали калони ба номи Назаршо Додихудоеви шаҳри Хоруғ дар мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа роҳи нави мошингард бунёд мекунад. Зеро маҳз дар ҳамин мавзеъ ҳамасола селу тарма ҷорӣ шуда, каналро дар масофаи то 50 метр хароб мекунад. Ба иллати вуҷуд надоштани роҳи мошингард таъмиру тармими ин канал  тӯл мекашад ва  сокинони шаҳр дар мавсими обёрӣ бо камбуди шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд. Баъди итмоми сохтмони канали мазкур мушкили беобии ҳазорон сокинони маҳаллаҳои шаҳр аз байн бардошта хоҳад шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ба бунёди роҳи мошингард, ки аз миёни кӯҳдоман ва хоросанг мегузарад, оғоз кард ва рӯзҳои наздик онро ба анҷом мерасонад. Сардори ин раёсат Қурбонбек Худоёров гуфт, ки ҳоло се техникаву механизмҳои пуриқтидор дар ин мавзеъ кор мекунанд ва то охири ҳамин моҳ роҳи мошингард пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Пас аз бунёди ин роҳ бештар аз 20 хонаводаи мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа, ки дар наздикии ин канал зиндагӣ доранд, низ ба роҳи мошингард дастрасӣ пайдо мекунанд.

Яке аз сокинони ин мавзеъ Бороншо Қандшоев аз сохта шудани ин роҳи мошингузар изҳори хушҳолӣ карда, аз номи ҳамдеҳагонаш ба Агентии  беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд. Ба гуфтаи ин сокини деҳа, онҳо боварӣ доштанд, ки солҳои наздик ин роҳ сохта мешавад, аммо ба ин зудӣ сохта шудани онро интизор набуданд. Бо роҳи  мазкур на танҳо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ дар мавсими обёрӣ сари вақт аз об таъмин мешаванд, балки зиёда аз 20 хонаводаи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа низ соҳиби роҳи мошингард мегарданд.

Мутахассисони техникӣ ва коргарони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят талош мекунанд, ки охири ҳамин моҳ роҳи мошингардро ба истифода диҳанд ва дар мавсими ояндаи обёрӣ сокинони маҳаллаҳои шаҳрро бетаъхир бо оби полезӣ таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки канали ба номи Назаршо Додихудоев яке аз каналҳои калонтарини шаҳри Хоруғ аст, ки дарозии он бештар аз 12 километр буда, иқтидори обгузаронии он ба 7 ҳазор метри кубӣ  дар як сония мерасад. Садҳо хонаводаҳои маҳаллаҳои шаҳр ба василаи оби ин канал замини наздиҳавлигӣ, дарахтон, гулу буттаҳои ороишиашонро обёрӣ мекунанд.

Октябрь 10, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид