Русия аз фаъолшавии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 08.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова (ДАР АКС) зимни як нишасти матбуотӣ дирӯз, 7 октябр, гуфт, ки Маскав аз афзоиши фаъолиятҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* дар Афғонистон нигарон аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мо аз афзоиши фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ* дар Афғонистон нигарон ҳастем», — гуфт Захарова.
Ба гуфтаи вай, ахиран террористони ДИИШ* дар наздикии масҷид дар маркази Кобул як ҳамлаи бузурги террористӣ анҷом доданд, ки дар натиҷаи он 20 сокини маҳаллӣ кушта ва беш аз 30 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вай зикр кард, ки «Давлати исломӣ»* амалиёти ҷангиро дар ҷануби кишвар низ афзоиш додааст.
Мария Захарова инчунин нигаронии Русияро аз афзоиши амалиётҳои ҷангҷии ДИИШ* дар наздикии сафорати Русия дар Кобул баён кард.
«Мо аз мақомоти Афғонистон даъват мекунем, ки барои таъмини амнияти намояндагии дипломатии Русия ва ҳамчунин шаҳрвандони Русия дар Афғонистон чораҳои иловагӣ андешанд», — гуфт намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август гурӯҳи «Толибон»* тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Он замон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум нахоҳанд кард.
Ашраф Ғанӣ, президенти собиқи Афғонистон бо воридшавии ҷангҷӯёни «Толибон»* ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва ҷумҳуриро тарк кард.
_________________________
* Гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
АКС аз манбаҳои боз








ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






