СӮХТОР ДАР МАРКАЗИ САВДОИ «БАРАКАТ». Таҳқиқи ҳодиса идома дошта, сабабу зиёни он муайян карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 21 октябр дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои «Баракат»-и ҶДММ «Агрофут», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодисаи мазкур давом дошта, сабаб ва зиёни сӯхтор муайян карда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ.
Тавре дар вазорат шарҳ доданд, ҳангоми ба маҳали ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери зери тентҳо (чатрҳо)-ро оташ фаро гирифта буд. Сӯхтори мазкур бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуданд.
Дар баробари амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ аз ҷойи ҳодиса молу маҳсулоти соҳибкоронро ба ҷойҳои безазар кӯчониданд.
Бино ба маълумоти ВКД, маблағи аз ҳодисаи сӯхтор эмин нигоҳдошташуда 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Акс: ВКД ҶТ








ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






