Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи навтаъсиси ҳудуди деҳоти “Панҷоб”-и ноҳия шинос шуданд.
Гармхонаи мазкур давоми як соли охир бунёд карда шуда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони ватанӣ бо дарназардошти таъмини фаровонию арзонии бозор ва пешниҳоди маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар гармхонаи замонавиро бунёд кардаанд. Бо ташкили гармхонаҳои замонавӣ беш аз 30 нафар сокини ноҳия бо шуғли доимӣ ва кори мавсимӣ фаро гирифтаанд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, гармхонаи помидор бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони туркӣ бунёд гардида, обу ғизодиҳӣ тавассути таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Таҷҳизоту дастгоҳҳои гармхонаи муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, айни ҳол барои парвариши помидор нигаронида шудаст. Технологияи нигоҳубини маҳсулот дар гармхонаҳо ба таври худкор сурат гирифта, ҳосилнокиро хеле баланд мебардорад. Гармхонаҳои мазкур тамоми сол фаъолият карда, ҳарорати дохили онҳо бо усулҳои ҷадиди гармидиҳӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ин ҷо тухмӣ ва парвардаи помидор бо меҳнати худи саҳмдорон тайёр карда мешавад. Бо таъмини чунин фазои муносиб деҳқонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имкон доранд, ки беш аз 200 тонна помидори тару тоза ва хушсифат истеҳсол намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин гармхонаҳои муосирро омили муҳими тавлиди маводи хурокаи босифат арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки минбаъд низ бо истифода аз усулҳои ҷадиди рушди кишоварзӣ корро ба роҳ монанд.
Деҳқонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ният доранд масоҳати гармхонаҳои амалкунандаро зиёд намоянд.
Иқдоми заҳматкашон дар фаровонии маҳсулот, таъмини бозорҳо бо сабзавот, инчунин танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ муҳим мебошад.
Гармхонаҳои мавсимӣ дар ноҳия 5,5 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола кишоварзон аз ҳисоби он ҳазорҳо тонна помидору бодиринги тару тоза истеҳсол мекунанд.
Маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ талаботи сокинони ноҳияро пурра қонеъ карда, ба бозорҳои марказии шаҳри Кӯлоб низ интиқол дода мешавад.
Бо бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда майдони гармхонаҳои доимӣ ба 2 гектар расид. Дар онҳо барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва дар як мавсим гирифтани ду се ҳосили хеле мусоид аст.
Соҳибкорони ватанӣ боз дар масоҳати қариб 2 гектари дигар гармхонаҳои замонавии лимӯпарвариро бунёд кардаанд.
Иқлиму шароити ноҳияи Ҳамадонӣ барои парвариши лимӯ мусоид аст. Меваҳои ситрусии кишвари мо, аз ҷумла лимӯ дар хориҷии кишвар харидорони зиёд дорад. Содироти он ба деҳқонон даромади зиёди иқтисодӣ меорад.
Бо бунёди чунин гармхонаҳои лимӯпарвари боз даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо шуғли мавсимӣ таъмин мегарданд.
Дар масоҳати 1,8 гектари гармхона то ба ҳосил омадани лимӯ дар дохили қаторҳои боғ, картошка, қулфинай ва дигар зироати серталабро истеҳсол мекунанд.









Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад






