Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Боғи фарҳангӣ — фароғатиро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардида буд.
Дарвозаи даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тарҳи санъати миллии меъморӣ сохта шуда, басо назаррабою дилфиреб аст.
Масоҳати боғи мазкур 6 гектарро ташкил дода, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша аз нимаи дуюми соли 2020 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.
Роҳравҳои дохили боғ, ки зиёда аз 2 километрро ташкил медиҳад, бо паҳноии аз 5 то 7 метр пурра навсозӣ гардида, дар маркази боғ аз даромадгоҳи он то бинои “Амфитеатр” дар масофаи 150 метр фаввораҳои ранга сохта шудаанд. Дар шафати фаввораҳо барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳ бо шакли замонавӣ ҷойгир мебошад.
Майдончаҳои дохили боғ бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат дода шуда, барои сабзу хуррам гардонидани онҳо фаввораҳо низ бунёд гардидаанд.
Дар дохили боғи мазкур майдончаи истироҳатию фароғатӣ барои кӯдакон, бинои “Амфитеатр”, 2 майдончаи варзишӣ ҷойгир буда, бо насби чароғакҳои рангаи равшанидиҳанда дар роҳравҳо ва назди биноҳо ин мавзеъ ҷолибу диданӣ шудааст.
Дар майдонча атраксионҳои замонавӣ насб гардида, дар як вақт имкон аст, ки зиёда аз 80 нафар кӯдак ба бозӣ машғул шаванд.
Майдончаи бозии кӯдакон бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Бинои “Амфитеатр” дар дохили Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ навсозӣ шуд, ки он дар гузашта ҳамчун саҳнаи баргузории мусобиқаи варзиши гӯштин истифода мешуд. “Амфитеатр” дорои 1500 ҷойи нишаст буда, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид дорад.
Бо саҳми соҳибкор Амирҳамза Бекназаров бинои “Амфитеатр” бо тарҳи санъати миллии меъморӣ навсозӣ гардида, дар девори он мусаввараҳои таърихӣ ва ниëгони пурифтихори миллати куҳантамаддуни тоҷик ҳаккокӣ шудаанд.
Дар Боғи фарҳангию фароғатӣ дар баробари дигар иншооти хизматрасонӣ боз ду майдончаи варзишӣ бунёд гардидаанд, ки барои баргузории футболи хурд ва бозии волейбол пешбинӣ шудаанд. Масоҳати умумии майдончаҳои варзишӣ 0,24 гектарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бинои Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар шафати Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ҷойгир аст, баъди навсозии пурра дар он шароити мусоиди нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ фароҳам гардид.
Осорхона дорои се толор буда, дар онҳо зиёда аз 550 бозёфти дорои таърихи куҳан, аз ҷумла намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо ва расму мусаввараҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.
Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Маркази хизматрасонии “Дилпазир” дар шафати боғи мазкур низ бо тарҳу намои муосир аз ҷониби соҳибкорон бунëд карда шудааст, ки дар он шароити мусоид муҳайë мебошад.
Маврид ба таъкид аст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиëда аз 300 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки соҳибкорон дар ин самт саҳми фаъолу назаррас доранд.
Дар партави дастгирию ғамхориҳои пайваста ба ятимону бепарасторон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатӣ бо 50 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ мулоқот намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳо таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, туҳфаҳо тақдим карданд, ки аз ин лутфу меҳрубонӣ онҳо рӯҳбаланд гардиданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди навсозии пурра ва бунёди инфрасохтори зарурию марказҳои хизматрасонии мутобиқ ба замони муосир ба мавзеи дилфиребу назаррабо табдил ёфтааст.