Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозии роҳ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иштирок намуданд

Октябрь 1, 2021 07:56

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои дароз таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин шоҳроҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои буҷетӣ ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардидааст.

Таҷдиди роҳи мазкур аз охири соли 2020-ум оғоз шуда, бо истифода аз техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони соҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки “Москва” бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш гардидааст.

Зимни муаррифи лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи навсозии роҳ дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон 4 пул низ таъмиру навсозӣ гардидаанд.

Дар доираи вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабинии солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ин давра дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод, Қаҳрамон, Панҷоб ва Чубеки ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони ватандӯст роҳҳи маҳаллӣ низ асфалтпӯш карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи беш 30 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра асфалтпӯш карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навозии роҳ ташаббуси соҳибкоронро дар самти навсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия намунаи олии ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвар арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи роҳ баъди азнавсозӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 07:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд