Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

Октябрь 7, 2021 17:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз дар деҳоти Хистеварз 10,6 километр роҳҳои мошингарди дохили маҳаллаҳо мумфашр гардидааст.

Дар баробари корҳои ободонӣ дар деҳоти мазкур бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии халқ мавриди истифода карор гирифтаанд.

Сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мисли дигар шаҳрвандони ватандӯсти кишвар аз пайи ободонию созандагии махаллу дехоти худ мебошанд.
Оғози корҳои мумфаршкунии роҳ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 07.10.2021

Октябрь 7, 2021 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон