Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шоира Зулқайнарова- Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс, Ҷоизадори Чемпионати Осиё 2015-2021, Чемпиони Осиё дар байни донишҷӯён 2016, Ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон дар байни донишҷӯён 2014, Ҷоизадори Ҷоми ҷаҳон 2015, 2016, 2018-2019 дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015, 2021 ва Чемпиони 8-каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.
Ҷавонони сарфарози ноҳияи Хуросон бо сипосгузорӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба насли ояндасоз илму ҳунар омӯхта, номбардорони ватану миллат хоҳанд шуд. Майдончаи варзишӣ болопӯшида буда, дар чор фасли сол дар он баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконпазир аст.
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд.
Комёбиҳои варзишгари баруманди ноҳияи Хуросон Шоира Зулқайнарова аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиклолии мамлакат мебошад.
Ифтитоҳи чунин майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар кардааст. Ба ҷавонони варзишгари тоҷик аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба варзиш оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.









Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд






