Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Узбекистон интихоб шуд

Октябрь 25, 2021 16:05

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шавкат Мирзиёев барои муҳлати дуюм Президенти Узбекистон интихоб шуд. Ба тарафдории ӯ 80,1%-и интихобкунандагон овоз доданд, иттилоъ дод раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низомхоҷаев.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Хушнуд Раҳматуллоев аз Узбекистон иттилоъ медиҳад,  интихобот дар шароити рақобати воқеӣ миёни номзадҳо ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ки Зайниддин Низомхоҷаев эълон намуд, ба ҷонибдории Шавкат Мирзиёев, номзад аз Ҳизби либерал -демократ 80,1%-и интихобкунандагон овоз доданд. Комиссияи марказии интихоботӣ ӯро президенти интихобшуда эълон намуд.

Мақсуда Ворисова аз Ҳизби халқӣ-демократӣ 6,6%, Алишер Қодиров аз ҳизби “Миллий тикланиш” 5,5%, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологӣ 4,1% ва Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” 3,4% овоз гирифтанд.

«Дар айни замон тамоми бюллетенҳои интихоботӣ ҳисоб карда шудаанд»,-иброз намуд раиси Комиссияи марказии интихоботӣ. Дар интихобот 16212343 нафар ё худ 80,4%-и интихобкунандагони ба қайд гирифташуда (20158907 – маълумоти охирин) иштирок намуданд. Дар овоздиҳии пешакӣ беш аз 421 ҳазор нафар ширкат варзиданд.

Октябрь 25, 2021 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна