Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА мулоқот намуд

Октябрь 30, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Маргарета Седерфелтро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкории байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.

Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳамияти муқовимати муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд.

Зимни вохӯрӣ таҳаввулоти ахир дар Афғонистон матраҳ гардида, С.Муҳриддин дар бораи вазъи нигаронкунанда дар марз бо ин кишвар маълумот дод.

Тарафайн барои истифодаи имконияти фаровон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар чорчӯби се ченаки САҲА изҳори омодагӣ намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Октябрь 30, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна