Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Антониу Гутерреш эътирофи танҳо ҳукумати фарогири Афғонистонро таъкид намуд

Октябрь 4, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва  СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарӣ,  муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.

Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд.

Ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 4, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид