Собиқ ноиби президенти АМИТ Ҳикмат Муъминов аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 21.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон /АМИТ/, собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Ҳикмат Муъминов аз олам даргузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳикмат Муминов 14 сентябри соли 1966 ба дунё омада, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси физика хатм намуда, доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси физика) мебошад.
Мавсуф муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот буда, самтҳои асосии тадқиқоти илмии ӯ — физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ ва наномавод буданд.
Ӯ дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ), медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012) ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 с.) мебошад.
АМИТ «Ховар» ба пайвандон ва наздикони марҳум изҳори тасаллӣ намуда, сабри ҷамил хоҳон аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






