ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, ҷумъа, 302-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 29, 2021 08:00

29 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми башардӯстона, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ифтихори 20 -солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки бо пешниҳоди Сарвари  давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расониданд.

***

5 сол пеш, 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуданд.

29 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.

***

Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).

***

Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

РӮЙДОДҲО:

 29 октябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

***

29 октябри соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

***

5 сол пеш, 29 октябри соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

***

70 сол муқаддам, 29 октябри соли 1951 нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

***

29 октябри соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

***

29 октябри соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1898 дар Россия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон- «Ермак» ба истифода дода шуд

***

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Октябрь 29, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш