Тамринҳои баталйонӣ-тактикии Тоҷикистон ва Русия дар машқгоҳи «Ҳомиён»-и Кӯлоб ҷамъбаст шуданд

Октябрь 25, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳомиён»-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо ҷалби беш аз ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маҷмӯи машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикӣ, ки аз 12 то 22 октябр идома доштанд, ҷамъбасту натиҷагирӣ шуданд.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои дар сатҳи баланд ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштарак дар машқгоҳи низомии «Ҳомиён» ду бино бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, ки дар дохили он мавзеи махсус барои назорати машқҳо, толори хурди алоҳида барои суҳбату машварат, утоқҳои кориву хизматӣ муҳайё карда шудаанд. Бинои дуюм аз нуқтаи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Илова бар ин, дар атрофи бинову иншооти мазкур, барои фаъолияти мунтазами гурӯҳҳои амалиётӣ нуқтаи фармондеҳии саҳроӣ ва баҳри муайяну мушаххас намудани матлаби ба машқҳо пешбинигардида тамсила ё макет низ бунёд карда шудааст.

Бо ҳамин тартиб, размоиши муштараки низомӣ дар машқгоҳи ҳарбии «Ҳомиён» аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани душманони шартӣ дар шароити дашту саҳро, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҷумҳурӣ сурат гирифта, ҳайати таъйиншудаи низомиёни ду кишвар дар ҳамоҳангӣ вазифаҳои ҷангиро дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои муштараки ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия дар машқгоҳи низомии «Ҳомиён»-и минтақаи Кӯлоб аз ҷониби котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД, муовини фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия, намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ назорат гардид.

Дар размоиши муштараки баталйонӣ-тактикӣ аз ҳарду ҷониб ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томи пиёданизоми мусаллаҳу муҷаҳҳаз, бо силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ ва дигар лавозимоти мухталифи ҷангии Тоҷикистону Русия ширкати фаъолона намуда, дар он техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ, воситаҳои гуногуни артиллерӣ ва дигар аслиҳаи оташфишони муосири низомӣ истифода шуданд.

Дар машқҳои муштараки ҳарбӣ, ки ҳимояи марзҳои қисмати ҷанубиву шарқии кишварро вобаста ба релефи ҷуғрофӣ бо ҳисоби хати марзҳои давлатии Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 200 километр дарозӣ ва 35 километр самти умқӣ аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ дар бар мегирифт, низомиёни тоҷику рус тибқи матлаби амалиёт вазифаҳои ҷангии дар наздашон гузоштаро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, ҳама ҳадафҳои ниҳоиро, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, бе хато зада афтонданд.

Зимни натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти сиёсати дифоии кишвар, омодагӣ баҳри пешгирӣ аз таҳдиди хатарҳо, вазъи зудтағйирёбанда ва бисёр ҳассосу пешгӯйинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, номуътадилӣ дар Афғонистон ва роҷеъ ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат котиби Шӯрои амният ва Вазири мудофиаи мамлакат дар назди иштирокчиёни тамринҳои муҳими низомӣ ибрози андеша карданд.

Дар охир фаъолони машқҳои муштараки низомӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Расми гузашти низомӣ дар машқгоҳи низомии «Ҳомиён»-и минтақаи Кӯлоб анҷомбахши машқҳои васеи низомии Тоҷикистон ва Русия гардид.

АКСҲО аз сомонаи Вазорати мудофиа

Октябрь 25, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад