«Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд

Октябрь 29, 2021 14:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон имрӯз Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳлил намудани пайомадҳои манфӣ ва мусбати равандҳои ҷаҳонишавӣ, инчунин дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз татбиқи унсурҳои зараровари равандҳои ҷаҳонишавӣ конференсияи соҳавии ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ.

Дар конференсия олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили мамлакат ва намояндаҳои идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия идоракунии давлатӣ Амид Комилбек иброз дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ унсури ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба хусусиятҳои дар худ инъикосёфта ба шароити иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва соҳаҳои мухлатифи ҳаёти ҷамъиятии давлатҳои соҳибихтиёру мустақил ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ мерасонад. Тоҷикистон ва халқи тоҷик дар гирдоби равандҳои ҷаҳонишавӣ тавассути кӯшишҳои хирадмандонаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист унсурҳои муҳими давлатии худ, ба монанди забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои таърихиро на танҳо ҳифз, балки ба  ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён дар  мавзӯъҳои «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ», «Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ», «Дискурси дипломатӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ», «Таъсири ҷахонишавӣ ва ҳуқуқи инсон» сухан гуфтанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Октябрь 29, 2021 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад