Utair парвозҳоро аз Сургут ба Тоҷикистон барқарор мекунад

Октябрь 20, 2021 12:26

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Русия Utair парвозҳоро аз бузургтарин фурудгоҳи ҳавзаи Ханти -Мансийск — Сургут ба Тоҷикистон барқарор менамояд. То охири моҳи октябр парвозҳо танҳо рӯзи чоршанбе сурат мегиранд ва аз 5 ноябр як парвози дигар рӯзҳои ҷумъа илова мегардад. Дар ин бора АМИТ  «Ховар» бо истинод ба маркази ширкати ҳавопаймоӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи хабари сомонаи фурудгоҳи Сургут, айни ҳол аз Сургут ба Хуҷанд дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз анҷом намедиҳанд.  «Utair парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Сургут шурӯъ менамояд. То охири моҳи октябр дар хатсайри Сургут — Хуҷанд дар як ҳафта як маротиба парвоз анҷом  дода мешавад. Аз Сургут — рӯзи чоршанбе соати 19:00, аз Хуҷанд — панҷшанбе соати 00:10»,- гуфта мешавад дар хабар.

Тибқи иттилои  хадамоти матбуот, аз 5 ноябр парвози дуюми ширкати ҳавопаймоӣ дар ин масир роҳандозӣ мегардад. Ин парвоз аз Сругут рӯзи ҷумъа, соати 20:00 ва аз Хуҷанд рӯзи шанбе соати 01:10 иҷро мегардад. «Сокинони минтақа ба парвози мустақим ба Тоҷикистон ниёз доранд, аз ин рӯ, пас аз барқарор шудани иртиботи ҳавоӣ байни кишварҳо мо самтро ба ҷадвал бармегардонем ва шумораи парвозҳоро барои роҳати мусофирон афзоиш медиҳем», — гуфт президенти ширкати  Utair Олег Семёнов.

Utair дар Русия пас аз гурӯҳи «Аэрофлот»,  S7 ва «Ural Airlines» чорумин ширкати бузурги ҳавопаймоӣ мебошад. Соли 2020 вай 4,8 миллион нафарро интиқол додааст.

АКС аз хадамоти матбуоти Utair

Октябрь 20, 2021 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд