ВАТАН, ДАР РАҲАТ ҶОННИСОРЕМ! Дар шаҳри Турсунзода маъракаи даъвати наваскарон пурра анҷом ёфт

Октябрь 5, 2021 13:24

ТУРСУНЗОДА, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуда, ҷавонони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, иттилоъ дод котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ин маросим масъулини шаҳри Турсунзода изҳор доштанд,  ки ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум дар фазои осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.

Дар ҳамоиши мазкур ба 93 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Модари даъватшаванда Муҳаррам Алиҷонова изҳор дошт, ки «ман ҳамчун модар аввал шукри сулҳу амонии кишварро мекунам, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобаста аст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон ва падару модар мебошад».

Наваскар Тулқин Ибодуллоев  иброз дошт, ки «имрӯз барои ҳар ҷавони шаҳри Турсунзода рӯзи пурифтихор ва шараф аст. Зеро имрӯз мо, фарзандони далеру ҷасур ва бонангу ори шаҳри Турсунзода ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои адои қарзи  фарзандӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол шомил гардида истодаем. Аз ин рӯ аз ҳамаи ҷавонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки барои ҳимояи ватани аҷдодии хеш ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ ворид гарданд».

Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

АКСҲО:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Октябрь 5, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад