Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Теҳрон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкиму густариши онҳо, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо зарурати истифодаи имконот ва зарфияти мавҷударо барои тавсеаи равобити тиҷоативу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон барои меҳмоннавозии самимона зимни сафари расмиаш ба кишвари мо дар моҳи гузашта изҳори сипос намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






