«ЯКҶОЯ МЕХОНЕМ». Натиҷаҳои лоиҳа, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастгирии USAID амалӣ мекунад, ҷамъбаст мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи лоиҳаи «Якҷоя мехонем» ба 80 фоизи китобхонаҳои мактабҳои мамлакат 1,3 миллион китоб бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҳадя кард, ки ба беҳтар шудани саводнокӣ ва таълими умумии онҳо мусоидат менамояд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият мегузарад, бо мақсади баланд бардоштани шавқи шаҳрвандон ба китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, ғанӣ гардонидани луғат, густариши олами маънавӣ дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои томактабӣ ва миёна, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин магистрҳо, аспирантон ва докторантҳо, одамони калонсол ва намояндагони касбҳои гуногун баргузор мегардад. Яке аз ин чунин чорабиниҳои зеҳнӣ, албатта, барномаҳоеянд, ки ҳангоми амалисозии лоиҳаи «Якҷоя мехонем» гузаронида мешаванд.
Лоиҳаи «Якҷоя мехонем» тавассути пешниҳоди китобҳо, маводи таълимӣ, таълими муаллимон, технологияҳои нав ва навовариҳо, ба мисли барномаҳои таълимӣ дар радио ва телевизион натиҷаҳои омӯзиш ва хонишро дар мактабҳои Тоҷикистон беҳтар кардааст. Лоиҳа ба 28000 омӯзгор усулҳои инноватсионии педагогиро омӯзонд, ки иҷрои хонишро барои 665,000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ беҳтар намуд. Илова бар ин, лоиҳа дар 115 мактаб 28 лагери тобистона ташкил намуд, ки ба рушди малакаҳои хониш дар зеҳни 4165 хонандаи мактаб мусоидат намуд. Лоиҳа инчунин ба кӯдакони дорои нуқсонҳои биноӣ 7200 китоби кӯдаконаи Брайл тақсим кард.
АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ/Сафорати ИМА дар ҶТ









Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






