ЗАБОНИ МУСИҚӢ ОЛАМШУМУЛ ВА БЕСАРҲАД АСТ. Имрӯз Рӯзи байналмилалии мусиқӣ таҷлил мегардад

Октябрь 1, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мусиқӣ таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна соли 1973 таъсис дода шудааст. Дар ин рӯз  дар тамоми ҷаҳон бо иштироки беҳтарин ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд. Бахшида ба ин сана аз ҷониби муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳфилу барномаҳои ҳунарӣ  доир мегарданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ  бо сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов суҳбат намуд. Мавсуф дар суҳбат  иброз дошт, ки «санъати мусиқӣ-сарояндагӣ ва навозандагӣ олитарин санъатест, ки инсон барои худ офаридааст ва бо шунидани навозиши ҳар сози он маънии зиндагӣ ва дарки дунёи рангини афсонавӣ пеши назар пайдо мегардад.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи мусиқӣ тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст. Яке аз ташаббусҳои беназир дар ин замина баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Шаҳодати ин гуфтаҳо таваҷҷуҳ ва иштироки зиёди ширкаткунандагони он мебошад. Дар соли аввали баргузории озмун -соли 2019  3852 нафар аз рӯйи панҷ номина,  соли 2020 2493 нафар аз рӯйи се номина ва имсол 2991 нафар ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли гузашта 498 нафар зиёд аст, — иттилоъ дод Мирзоолим Саидов.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар «Кохи Борбад» ба санъаткорони тоҷик иброз намуданд, «одаме, ки мусиқиро дӯст намедорад, инсони комил  нест».

Ба гуфти равоншиноси Донишкадаи такмили ихтисоси вилояти Суғд Фирӯза Ахмедова, «мусиқӣ аз забони созе бархоста, баёни роз мекунад, аз баёнаш рӯҳ оромиш мегирад. Созҳо ба ҳам омада, маънӣ меофаранд, тасалло мебахшанд ва инсон бо шунидани оҳанг ҳамдаму ҳамрози худро дармеёбад. Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад аст. Забони мусиқӣ ба тарҷумон ниёз надорад, аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маънӣ меофарад».

Фирӯза Ахмедова иброз намуд, ки  «дӯстдорони мусиқӣ дорандагони маданият ва ҷаҳонбинии волоянд. Кӯдак мусиқиро ҳанӯз замони дар батни модар будан эҳсос мекунад. Агар модарон бештар мусиқии классикӣ гӯш кунанд,  он ба зеҳни кӯдакон таъсири бештар дорад. Инчунин исбот шудааст, ки мусиқии классикӣ ба рушди бофтаи устухон таъсири хуб мерасонад. Тавре Амир Хусрави Деҳлавӣ фармудааст:

Мутрибе мегуфт Хисравро, ки эй ганҷи сухан,
Илми мусиқӣ зи ҷинси назм некӯтар бувад.

Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъҳои санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва шиносо шудани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад».

Агар таърихи мусиқии халқи тоҷикро варақгардон намоем, он таърихи бағоят бостонӣ дорад. Дар ин боб бозёфтҳои ҳафриёти бостоншиносӣ, манбаъҳои хаттии таърихӣ, илмӣ ва адабӣ, осори санъати шевои суратгарии ниёгони мо, ҳамчунин рисолаҳои дастраси мусиқӣ ва тамоми ганҷинаи пурсарвати эҷодиёти халқӣ ва халқии касбӣ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, мусаввараҳои Панҷакенти Қадим (асрҳои 7—8) роҷеъ ба тамаддуни Суғди бостон маълумот медиҳанд. Дар яке аз мусаввараҳои рӯи девор рақси маросимӣ-мавсимие инъикос ёфтааст: пайкарҳои нимурёне, ки мерақсанд, дар даст созҳои мусиқӣ, аз қабили таблаки дурӯя, нақораи нимдоира ва сози шабеҳи уд доранд. Дар мусаввараи дигар пайкари зане, ки барбат менавозад, ба назар мерасад. Дар бораи тамаддуни мутараққии мардуми Суғд, Бохтар ва Хоразми бостонӣ гимнҳои Авесто (асрҳои 7—5 то мелод), ки қаҳрамонони асотириро васф мекунанд, ба таври равшан гувоҳӣ медиҳанд.

Мусиқишиносон мусиқии анъанавии тоҷикро  ба се сабк тақсим намудаанд: сабки шимолӣ, сабки марказӣ ё худ кӯҳистонӣ ва сабки бадахшонӣ. Инчунин он бо жанрҳо фарқ мекунад: ҳамосавӣ, меҳнатӣ, русумӣ, таронаҳои тақвимӣ, тӯёна, сӯгворӣ ва ғайра, сурудҳои лирикӣ, ҳамчунин мусиқии созӣ, шаклҳои силсилавии касбӣ ва касбии классикӣ.  Ҳамчунин он аз се ҷанбаи бо ҳам робитадор иборат аст: халқӣ, халқии касбӣ ва касбии классикӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷиистон мусиқӣ ҳамчун воситаи тарбияи зебопарастӣ имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ, хонаҳои маданият, коллеҷҳои фарҳанг ва ғайраҳо таълим дода мешавад.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаи боз

Октябрь 1, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд