Зодаи Тоҷикистон дар озмуни зебоӣ дар Москва барандаи ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зодаи Тоҷикистон Нуринисо Абдулмаинова дар озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар шаҳри Москва соҳиби ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон гардид, иттилоъ медиҳад агентии «Sputnik».
Чорабиниро Федератсияи муҳоҷирон дар Русия (FMR) ташкил намудааст. Дар маҷмӯъ, 50 намояндаи 13 кишвар дар ин озмун ширкат варзиданд, аммо ба даври ниҳоӣ танҳо даҳ нафар — аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон баромаданд.
Даври ниҳоӣ дар толори кинои Москва- «Меҳмонхонаи Президент» бо ширкати наздикони иштирокдорони озмун ва намояндагони ҷамъиятҳо сурат гирифт. Духтарон истеъдоди сурудхонӣ, рақс ва навохтани асбоби мусиқиро нишон доданд. Онҳо бо либосҳои миллӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Ҷойи аввалро намояндаи Узбекистон Рушана Каримова ишғол кард. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Москва гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии интернетии ФМР ғолиби финал Нуринисо Абдулмаиноваи тоҷик шуд. Дар вебсайти озмун Нуринисоро зиёда аз 6 ҳазор нафар дастгирӣ карданд — вай нисбат ба рақибонаш ду баробар бештар овоз гирифт. Ба гуфти Нуринисо, мехоҳад дар Русия кӯдакистони худро кушояд, зеро вай кӯдаконро хеле дӯст медорад. Нуринисо Абдулмаинова 28 сол дорад ва дар ВМКБ таваллуд шудааст. Ҳоло Абдулмаинова дар як меҳмонхонаи Москва ба сифати маъмур ва инчунин ҳамчун ризокор фаъолият мекунад — ӯ бо кӯдакони синни томактабӣ ройгон кор мекунад.
Нуринисо дар озмун рақси миллии тоҷикиро манзур намуд.
Ду духтар аз Душанбе — Рухшона Маҳкамова ва Парвина Усмонова низ ба даври ниҳоии «Зебосанами ФМР – 2021» роҳхат гирифтанд.
Рухшона Маҳкамова ба ҳайси парастор кор мекунад, аммо мехоҳад сехи дӯзандагӣ кушояд. Иштирок дар озмун ба ӯ кумак кард, то қадами аввалро дар роҳи амалӣ сохтани орзуяш гузорад — барои иштирок дар даври ниҳоӣ ӯ либосе бо домани атлас, остинҳо аз органза ва қисми болои курта аз матои адрас дӯхтааст.
Парвина Усмонова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва дар кафедраи таълими забон ва адабиёти рус таҳсил мекунад.
Дар финали озмун тамошобинон Наргис Зафарова аз Конибодомро низ диданд. Вай ба наздикӣ ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил шуд. Зафарова орзу дорад, ки омӯзгор шавад, аммо ҳоло ӯ ба сифати доя кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 тоҷи барандаи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.
АКС: © Стас Этвеш








Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






