2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гардиданд

Ноябрь 17, 2021 16:42

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри 2021 пас аз баррасии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи арзёбии ЮНЕСКО зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар чаласаи 41-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон — 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хотиррасон мекунем, ки 17 апрел соли 2020 дар Иҷлосияи 221-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, то номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 2500 солагии Шаҳраки кадимаи Тахти Сангин ва номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи 1050 солагии Абурайҳон Берунӣ ба руйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гарданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО мулоқотҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле, Президенти Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО Агапито Мба Мокуй, Ёвари Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле ва Директори Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и Фаронса хонум Софӣ Макариу анҷом ёфт.

ДАР АКС: нигораҳо аз Тахти Сангин, ки бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё» ё «Ҷавоҳироти Окс» маълум аст.

Қобили зикр аст, ки 11 ноябри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж суханронӣ намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур барои омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии талошу эҳтимоми муштараки ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзои он ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, расму оини аҷдодӣ, рушди илму маориф ҳамчун платформаи муфид хизмат хоҳад кард.

Ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 24 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

АКСҲО: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2021 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд