27-28 ноябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол баргузор мегарданд

Ноябрь 15, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 ноябр бозиҳои ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол миёни дастаҳои футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд ва «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор мегарданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.   

Чанд рӯз пеш  бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол хеле ҷолиб  баргузор шуда буданд. Дар ин давр дастаи футболи   «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бар  дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.  Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланд доир гашт. Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ҳамаи голҳоро дар нимаи аввали бозӣ ба нишон расониданд.

Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 8-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 25, Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 28, Рёта Нома дар дақиқаи 38 гол заданд.

Дар ҳайати дастаи  «Эсхата»-и  шаҳри  Хуҷанд  Ҷаҳонгир Эргашев ду тӯб, Аҳрорҷон Иноятов як тӯб ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб 4 голи беҷавоб зад. Дилшод Бозоров ду гол, Нозим Бобоҷонов ва Комрон Турсунов якголӣ ба нишон расониданд.

                                                                  АКС: ФФТ

Ноябрь 15, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Пагоҳ дар Душанбе бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» баргузор мешавад
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА се зина боло рафт
ҶОМИ КФО-2023/24. «Равшан» боз бо «Марв»-и Туркманистон мусовӣ намуд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. То имрӯз беш аз 10 000 чиптаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» фурӯхта шудааст
ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ менамоянд
ФУТБОЛ. Дастаи «Бунҷикат»-и Шаҳристон ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дар даври охирин «Истиқлол» бо «Ал-Наср» ва «Персеполис» бо «Ал-Дуҳайл» бозӣ менамоянд
Дастаи «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид
Ҳарифони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 муайян шуданд
Футболбозони навраси тоҷик бар дастаи мунтахаби наврасони Русия ғолиб омаданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ бо дастаи Покистон бозӣ менамояд