5 декабр бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 5 декабр дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдонаш бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.
Дар бозии дигари даври 26-ум дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ заданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата» Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ аз дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 25 | 20 | 4 | 1 | 76-8 | 64 |
| 2 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 25 | 17 | 3 | 5 | 52-25 | 54 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 26 | 11 | 8 | 7 | 36-29 | 41 |
| 4 | «Истаравшан»(Истаравшан) | 26 | 11 | 6 | 9 | 28-25 | 39 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 26 | 10 | 6 | 10 | 29-31 | 36 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 26 | 7 | 8 | 11 | 27-34 | 29 |
| 7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 26 | 8 | 3 | 15 | 32-49 | 27 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 18-36 | 26 |
| 9 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 37-56 | 26 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 26 | 4 | 6 | 16 | 23-65 | 18 |
Бозингарони беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») –бо 11 голӣ.
Даври 27-ум
5 декабр (Якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 14:00
«Эсхата» – «Равшан»
КМВА – «Хуҷанд»
«Душанбе» – «Истаравшан»
«Файзканд» – «Хатлон»
«Кӯктош» – «Истиқлол»
АКС: ФФТ








Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд






