ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод иншооти муҳимми маишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷавонмардони ватандӯстӣ деҳаи Ҳанатароши Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд Давлатшо Раҳматов дар деҳаи мазкур иншооти муҳимми маиширо ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.
Иншоот аз қабили толори варзишӣ, толори сақобозӣ, корхонаи дӯзандагӣ барои таъмини 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва сартарошхона сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон бахшида ба 27-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ деҳаи Яккачинори ноҳияи Муъминобод аз ҷониби оилаи Маҷидзодаҳо маркази саломатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки оилаи Маҷидзодаҳо дар рушду нумӯи соҳаи варзиши Ватан саҳми арзанда доранд.
Дар ифтитоҳи иншоот раиси ноҳия Лутфия Шарифзода иштирок намуда иброз дошт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод аз соли 2018 то ин ҷониб 340 иншоот ба истифода дода шуд, ки 102 фоизи Нақша чорабиниҳои ноҳия бахшида ба 30- солагии Истиқлолиятро ташкил медиҳанд ва ин аз он далолат медиҳад, ки сокинони ватандӯсти Муъминобод созанда буданд ва хоҳанд монд.
АКСҲО: МИҲД-и ноҳияи Муъминобод










Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд






