АМНИЯТ ВА РУШДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАРОИТИ НАВИ ВАЗЪИЯТ ДАР АФҒОНИСТОН. Ин масъала зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе мавриди баррасии таҳлилгарон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дастгирии Институти таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Иститути миллии таҳқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Форуми байналмилалии марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои «панҷгона»-и Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Амният ва рушди Осиёи Марказӣ дар шароити нави вазъият дар Афғонистон» дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз масъалаи вазъи сиёсии Афғонистон аз масъалаҳои муҳим буда, дар сархати хабару гузоришҳои расонаҳои ҷаҳон ва ҳамоишҳои байналмилалӣ қарор дорад. Дар ҳамоиши имрӯзаи Чин ва кишварҳои «панҷгона»-и Осиёи Марказӣ низ ин мавзӯъ аз ҷониби коршиносону таҳлилгарон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар бахши дуюми Форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ дар мавзӯи «Таъсири вазъияти нав дар Афғонистон дар конфигуратсияи амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ» маърӯзаи илмӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва чунин мешуморад, ки ҳаққи муайян кардани ояндаи Афғонистон комилан ба худи мардуми ин кишвар тааллуқ дорад.
«Мо ҷонибдори Ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Афғонистон мебошем ва ин мавқеъгириро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ иброз доштаанд. Гузашти вақт нишон медиҳад, ки мавқеъгирии давлати Тоҷикистон дар қазияи Афғонистон дурусту саҳеҳ мебошад, ки кишварҳои дигар онро пуштибонӣ намуда, пайравӣ карда истодаанд», — афзуд. Х. Зиёӣ.
Мавсуф иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи тамомияти арзии ин давлати дӯсту ҳамсоя ва таъмини ваҳдати ҳамаи неруҳои сиёсии он манфиатдор буду ҳаст. «Кишвари мо, — гуфт Хуршед Зиёӣ, — дар фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кушодани кӯргиреҳи қазияи Афғонистон саҳм хоҳад гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд, ки «Афғонистони бародар ва ҳамкешу ҳамзабон дар байни кишварҳои минтақа дар самти вусъат додани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманд барои мо ҳамеша ҳаққи афзалият хоҳад дошт».
Бино ба зикри Х. Зиёӣ, аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду субот ва амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиши байналмилалӣ ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи ин давлатҳоро таъкид ва таъйид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур ба 30-солагии истиқлоли давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шуд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ








Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






