Бахшида ба Рӯзи Конститутсия кормандони ҷавони Хадамоти иҷро бо рутбаҳои аввалини тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. 5 ноябри соли равон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он бо Фармоиши Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони ҷавони Хадамоти иҷро бо рутбаҳои аввалини тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинии идона Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода иброз намуд, ки таҷлили 27-умин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Зикр шуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 27 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.
Инчунин гуфта шуд, ки ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.
Сипас, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдуллои Раҳнамо ва дигар кормандони Хадамоти иҷро баромад намуда, аҳамияти бузург доштани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат маънидод намуданд.
АКСҲО аз Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






