Бо қабули Конститутсия ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба маҷрои осоишта равон гардид

Ноябрь 6, 2021 10:06

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Қабули Конститутсия имкон дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона гардида ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад». Чунин гуфт муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Изатулло Ҳурматзода дар ҷамъомади идона, ки 5 ноябри соли равон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир  гардид.

Таъкид шуд, ки 27 сол муқаддам — 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон буда, бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Зикр шуд, ки ҳамасола халқи Тоҷикистон 6 ноябрро ҳамчун иди умумихалқӣ бо шаҳомати хос ҷашн мегиранд, зеро қабули Конститутсия ба марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистон оғози тоза бахшид. Конститутсия ҳамчун дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

«Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандони мо нисбат  ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва миллат гардид. Гузашта аз ин, чунин тарзи қабули Конститутсия собит сохт, ки дар Тоҷикистон воқеан ҳам халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Раъйпурсии умумихалқӣ бошад, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ аст», — афзуд Изатулло Ҳурматзода.

Гуфта шуд, ки марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия дарҷ гардидаанд,  дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқанд. Бо дарназардошти таъмини рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.

Дар анҷоми ҷамъомади идона, ҳамзамон як қатор командони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти  кишвар ибрози назар намуданд.

АКСҲО аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Сангвор намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид
Байни табибони Тоҷикистон дар Эрон даври омӯзишӣ баргузор мешавад
КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Бадахшон 150 тонна маводи хӯрокворӣ тақсим карда шуд
Хонандагони муассисаи таълимии ноҳияи Шуғнон соҳиби толори муосири варзишӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон то аввали моҳи октябр беш аз 90 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст
ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ГАРМӢ. Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар Шаҳринав ҳамоиш оид ба тарғиби либоси миллӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Конгресси ҷарроҳони кӯдакони Осиёи Марказӣ доир шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Бо мақсади ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон дар пойтахт озмун идома дорад
«Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДОНИСТАН ХУБ АСТ. Чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймоҳои мусофирбарро ба боркашон табдил медиҳанд?