Бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон расонидани кумаки башардӯстонаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба Афғонистон оғоз гардид

Ноябрь 26, 2021 15:35

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 ноябр бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба  Афғонистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кумаки мазкур аз 2,500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

Расонидани кумаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, бахусус сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.

Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ созмон ва давлати кумакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд.

«Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 26, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд