Бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шинохт

Ноябрь 5, 2021 16:34

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки ин санади оламшумул, ки бори дигар аз иқтидори созандагӣ ва ибтикори давлатдориву мардумсолории миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, асосан ба шарофати саъю талоши пайгирона, мудовим ва хастагинопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадвин гардида, аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз баррасии густурда бо камоли сурур пазируфта шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Конститутсия гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол буда, ба шарофати он ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохт.

Вазири корҳои хориҷӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба хотири рушди кишвари азизамон ҳар корманди низоми Вазорати корҳои хориҷиро зарур аст бо ҳисси баланди ватандорӣ дар татбиқи босамари сиёсати хориҷии кишвар саҳми босазо гузорад.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Ноябрь 5, 2021 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид