Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар Истанбул баргузор мегардад

Ноябрь 8, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 08.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 19 декабри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳорибаҳо 7 декабр оғоз мегарданд, қисмати финалиро метавон 18 декабр тамошо кард. Мисли чемпионати ҷаҳон миёни мардҳо барои бонувон низ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст: барои ҷои аввал — 100 000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 50 000 ва ҷои сеюм — 25 000 доллари ИМА.

Бонувони варзишгар  дар  шаҳри Истанбули Туркия аз рӯи 12 категорияи вазнӣ сабқат мекунанд: 48кг; 50кг; 52кг; 54кг; 57кг; 60кг; 63кг; 66кг; 70кг; 75кг; 81кг; +81кг.

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон соли 2001 – бист сол пеш – дар Скрэнтони ИМА доир гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия, Подолск, Деҳлӣ (ду маротиба), Нинбо, Бриҷтоун, Синхуандао, Ҷеҷу, Остона ва Улан-Удэ мизбони ин мусобиқа буданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид