«КОБАЛТ-2021». Дар пойгоҳи саҳроии «Фахробод» машқҳои тактикӣ оғоз ёфтанд

Ноябрь 18, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон маросими кушодашавии машқҳои тактикӣ зери унвони «Кобалт-2021» дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва гузаронидани амалиёти махсус барои нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ» бо иштироки воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва қувваҳои зудамали фаврии  давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳои махсуси тактикии «Кобалт-2021» муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода иброз дошт, ки мақсад аз баргузори ин гуна тамринҳои мақсаднок вобаста ба пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар ҳудуди кишварҳои аъзо, инчунин дар ҳамкории зич қарор гирифтани мақомоти қудратии кишварҳо мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин гуна тамринҳо миёни иштирокчиёни табодули таҷриба гузаронида мешавад.

Дар машқҳои мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва намояндагони аъзои СААД иштирок доранд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии кишварҳои аъзо гузашти низомӣ сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки машқҳои мазкур дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» то 19 ноябр идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Ноябрь 18, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд