Дар Ҷайҳун аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзулло Шоидинов пойгоҳи обкашӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзулло Шоидинов пойгоҳи обкашӣ бунёд гардид, ки беш аз сад гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ ворид менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни васлу насби дастгоҳ дидан намуда, зикр дошт, ки ин пойгоҳи обкашӣ иқтидори обёрӣ кардани 300 — 400 гектар заминро дорад. Дар сурати ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани заминҳо бунёди боғи намунавӣ ва ҳавзи моҳипарварӣ дар назар аст.
Дар боғи бунёдшаванда бояд анор парвариш гардад. Зеро иқлими ноҳияи Ҷайҳун барои беҳтарин навъи анор созгор аст.
Зикр шуд, ки дар мавзеи Қародуми ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 12 ҳазор гектар замин бояд зина ба зина ба гардиши кишоварзӣ ворид гардад. Қариб 5 ҳазор гектар бо иқдоми роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии заррин» Фирдавс Вализода бо шарикони рушд ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳар сол тавассути истифодаи самараноки обу замин, техника, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам дар амал аз ин мавзеъ ҳосили хуби пахта, гандум ва дигар зироат ба даст оварда мешавад.
Аз 16 ҳазору 810 тонна пахтае, ки кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба даст меоранд, ҳар сол қариб то 10 ҳазор тонна пахтаро коргарони Ҷамъити дорои масъулияти маҳдуди «Водии заррин» вориди корхонаҳои коркарди пахта мегардонанд. Дар ин мавзеъ обёрии қатрагӣ дар пахтазор ба роҳ монда шуда, ғаллазор тавассути обёрии боронӣ шодоб мегардад. То имрӯз қариб 9 ҳазор тонна пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии заррин» вориди корхонаҳои коркард гардидааст.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад






