Дар Анқара нишасти панелӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар даврони истиқлол, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба муносибати Рӯзи Конститутсия дар Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анқара нишасти панелӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар даврони истиқлол, нақши Конститутсия ва давлатдорӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишасти мазкур коршиносони Донишгоҳи илмҳои иҷтимоии Анқара, профессорон ва ходимони илмӣ, аз ҷумла судяи Суди конститутсионии Туркия Бурак Фират, проф. др. Oғузҳан Дурмуш, проф. др. Ҳасан Таҳсин Фендоғлу, др. Мерям Ҳаким ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Анқара иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нишасти мазкурро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба нақши Конститутсия дар даврони истиқлол ва хидматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдорӣ ба ҳозирин маълумот дод.
Ҳамзамон намоиши китобҳои безаволи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба намоиши ҳозирин гузошта шуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ











Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






