Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея оғоз гардид

Ноябрь 30, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 ноябр дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 14-уми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар кори Форум вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев, Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён, муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комилов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков иштирок доранд.

Интизор меравад, ки дар Форуми мазкур роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро бо дарназардошти пайомадҳои ҳамагирӣ, инчунин равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ намоянд.

Ҳамчунин иштирокдорон номзадии Директори нави Котиботи Форумро тасдиқ намуда, нақшаи кории котиботро барои соли 2022 қабул менамоянд.

Дар интиҳои Форум Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум қабул мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 29 ноябр дар Душанбе нахустин Анҷумани соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури маҷозии роҳбарони палатаҳои савдо ва саноат, доираи соҳибкорони кишварҳои иштироккунанда ҷиҳати баррасии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид.

Нишасти мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 14-уми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея танзим шуд.

Иштирокдорон имконияти ҳамкории байниминтақавиро муаррифӣ намуда, дар мавриди таҳкими робитаҳои сармоягузорию татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок бо истифода аз зарфияти фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.

Натиҷаи нахустин Анҷумани мазкур ба фаъолияти Шӯрои соҳибкорони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои иштирокдор (санади ҳамкорӣ аз 29 июни 2020) саҳм хоҳад гузошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна