Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид

Ноябрь 22, 2021 12:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 22 ноябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба кор оғоз намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қазоқистон Мухтар Тлеубердӣ, Қирғизистон Руслан Казакбаев, Узбекистан   Абдулазиз Камилов, муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хоҷиев, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва узви Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ  Ютта Урпилайнен ширкат доранд.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда,  доир ба дурнамои ҳамкорӣ ва густариши робитаҳо табодули афкор сурат гирад. Ба рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дохил мешаванд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2021 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон