ДАР ИРКУТСК ҲАВОПАЙМОИ АН-12 СУҚУТ НАМУД. Дар он 9 нафар буданд, ки ҳама ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбеи 3 ноябр як ҳавопаймои низомии нақлиётии Ан-12 дар вилояти Иркутски Русия суқут кард. Тавре ТАСС бо истинод ба маълумоти муовини аввали роҳбари вазорати ҳолатҳои фавқулода дар минтақа Андрей Рябоволов хабар дод, дар дохили ҳавопаймо 9 нафар будаанд.
«Тибқи маълумоти аниқ, ки аз намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Гродно» дастрас гардид, дар дохили ҳавопаймо 9 нафар, аз ҷумла панҷ узви экипаж ва чаҳор нафар ҳамроҳикунандагони борҳо будаанд», — гуфт ӯ.
Ҷойи суқути ҳавопаймо аллакай пайдо шудааст, пас аз афтидан ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳама нафарони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд.
Муовини аввали раиси дастгоҳ афзуд, ки ҷасади 6 нафарро ёфта, ба ташхис супурдаанд. Вай тавзеҳ дод, ки аз 9 нафар чаҳор кас шаҳрвандони Русия, се нафар аз Беларус ва ду тан аз Украина мебошанд.
Қаблан губернатори вилоят Игор Кобзев дар саҳифаи худ дар Instagram гуфта буд, ки ба ҷуз аз ҳайати экипаж ду нафар ҳамроҳикунандагон аз ширкати ҳавопаймоии «Заполяре» низ будаанд.
АКС: хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Иркутск








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






