Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба шарафи Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур.
Раиси Кумита Ориф Хоҷазода ба афсари Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенати калони милитсия Амирхон Ғулов, милитсионерони Хадамоти «Муҳофиза», старшинаҳои милитсия Маҳмаднабӣ Саидов ва Абдулҳафиз Паҳлавонзода, ки муҳофизати бинои маъмурии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, дар ҷашни касбиашон туҳфаҳои идона ҳадя намуд.
Ориф Хоҷазода зикр намуд, ки маҳз туфайли хизматҳои шабонарӯзии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, аз ҷумла милитсияи тоҷик дар мамлакат сулҳу суботи комил пойдор буда, сокинон дар фазои амнияту ором фаъолият мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи милитсия таъкид намудаанд, ки «натиҷаи хизмати содиқонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони таъмини амнияти давлату миллати худ, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромии ҷомеаро мебинанд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд».
Воқеан, кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ қарор дошта, ҳимоятгари аҳли ҷомеа маҳсуб мешаванд.
Ин аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи таҳсини милитсияи тоҷикро ҳамеша қадр мекунад.
АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






